Сарвазир аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи ВКД дидан кард

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонии

бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, ба сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда дар иншооти он аз наздик шинос шуд. Сарвазирро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони Вазир ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ намуданд. Зимни шиносоӣ Қоҳир Расулзода ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани бинои нави Академияи ВКД изҳор дошт, ки ин иншооти замонавӣ бояд мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шавад. Мавриди зикр аст, ки масоҳати бинои нави Академияи ВКД хеле васеъ буда, он аз 9 ошёна иборат мебошад. Дар он сохтмони хобгоҳ барои курсантон, бинои истиқоматӣ барои устодону омӯзгорон, таваққуфгоҳ ва дигар шароитҳои моддӣ-маишӣ дар назар дошта шудааст. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон