Руминия: дар интихоботи порлумонӣ Ҳизби сотсиал-демократӣ пешсаф шуд

Дар Руминия баршумории варақаҳои овоздиҳии интихоботи порлумонӣ анҷом ёфт.

Тибқи иттилои Комиссияи маркази интихобот Ҳизби сотсиал-демократӣ зиёда аз 45 дарсади овозҳоро дар Сенат ва ҳам Палатаи вакилон соҳиб шуд. Дар ин маъракаи сиёсӣ Ҳизби «Либерали миллӣ» мақоми дуюмро касб кард. Роҳбари Ҳизби сотсиал-демократӣ Ливиу Драгня изҳор доштааст, ки бар дӯши қувваи сиёсии онҳо масъулияти калон вогузор шудааст. Ҳукумати сотсиал-демократҳо таҳти роҳбарии сарвазир - Виктор Понта то охири соли 2015-ум дар сари қудрат буд. Аммо сар задани сӯхтор дар маркази дилхушии шаҳри Бухарест, ки ба марги 64 нафар сабаб шуд, ҳукумати он вақтаро бо роҳбарии Понта, маҷбур ба истеъфо намуд. Аз он замон Руминияро ҳукумати беҳизб бо сарварии собиқ Комиссари Аврупо Дачиан Чолош роҳбарӣ мекард. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон