расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУОВИНИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС ҶОН ДОД

Асосӣ / Ҷомеа

МУОВИНИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС ҶОН ДОД

Субҳи 19 июни соли равон муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор дар Маркази тиббии №1, маъруф ба беморхонаи Якум Советский аз бемории COVID-19 фавтид. Дар ин бора манобеи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд.
 Ба гуфтаи онҳо, Абдураҳимзода ду ҳафтаи охир дар беморхона бистарӣ буд ва духтурон ба ӯ нафаси сунъӣ медоданд. Нафаскашиаш хело танг буд. Як духтури бемористон, ки аз гуфтани номи худ ба сабабҳои маълум худдорӣ кард,  рӯзи 19 июн дар суҳбат бо “Бомдод” тасдиқ кард, ки Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор дар ҳақиқат аз бемории COVID-19 фавтидааст.
То ҳол ҷасадаш дар бемористон аст. Шояд имрӯз нисфирӯзӣ ҷасади беморро ба соҳибонаш супоранд”, – хабар дод ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар 10 рӯзи охир танҳо дар беморхонаи Якум Советский алакай се бемор аз коронвирус ҷон бохтаанд. Вале мақомоти ин бемористон исрор меварзанд, ки ягон маризи коронавирус надоранд ва онҳое, ки дар шуъбаи эҳё ва дигар бахшҳои беморхона дар ҳолати вазнин қарор доранд, аз истеъмоли яхмос ё оби хунук гирифтори бемориҳои мавсимие, чун илтиҳоби шуш (пневмония) шудаанд, на коронавирус.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ аз аввали соли 2021 ҳар рӯз пойфишорона гузориш медиҳад, ки дар кишвар ягон ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор нашуд. Вале рӯз то рӯз шумори торафт камтари мардум ба ин ҳисоботҳо бовар мекунанд.
ҲОЛНОМАИ ҚУРБОНАЛӢ АБДУРАҲИМЗОДА
Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор 20 ноябри соли 1964 дар ноҳияи Рўдакӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро соли 1982 дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода оғоз менамояд. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хидмат намудааст. Тариқи гузариш ба факултаи Китобдории Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва таҳсилро идома дода, соли 1988 онро бо ихтисоси китобдор-библиограф хатм намудааст. Соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро низ бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Соли 1988 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим фаъолияти касбиашро оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 1993 фаъолият бурдааст.
Солҳои 1993-1997 таҳсилро дар аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон идома додааст. -Солҳои 1997-1999 ба ҳайси корманди хурди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 1999-2001 вазифаи сарбиблиограф, мудири шўъбаи Мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакари шаҳри Душанберо ба уҳда доштааст.
Солҳои 2001-2002 дар вазифаи Сармуҳаррири шўъбаи илмию тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ кор кардааст.
Солҳои 2002-2008 ба ҳайси Назоратчии саҳроӣ, тренер, роҳбари гурўҳи Ташкилоти байналмилалии гуманитарии «КАРЕ Интернейшнл» дар шаҳри Душанбе фаъолият мебарад.
Солҳои 2009-2015 ба ҳайси Директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад.
Солҳои 2015-2020 вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб – Хонаи Китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар уҳда доштааст.
Бо Медали “Хизмати Шоиста” (с.2016) қадр гардидааст. Дорои нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2018) мебошад.
 Дар соли 2018 Раисии Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт. Дар соли 2019 вазифаи Ҳамраисии Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт. Узви Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 Аз 18 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.