расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нисбати волидайни ронандаи ноболиғ чора андешида шуд

Асосӣ / Ҷомеа

Нисбати волидайни ронандаи ноболиғ чора андешида шуд

Нисбати волидайни ронандаи ноболиғ чора андешида шуд
30-юми ноябри соли 2023, дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» аз ҷониби писарбачаи ноболиғ инъикос ёфтааст.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 5858 SD 01 буда, таҳти идораи ноболиғ Саидов Самир Диловарович, соли таваллудаш 2014, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Қиблаӣ, деҳаи Қулписта, қарор доштааст.
Номбурда, 20-уми ноябр аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии волидайни худ истифода бурда, бе иҷозат воситаи нақлиёти падарашро гирифта, бо суръати баланд идора намуда, ҷони худ ва дигар атрофиёнро зери хатар гузоштааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни номбурда барои бемасъулиятиву хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолат, бо волидайни номбурда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.



Показать перевод

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.