Россия: Тоҷики 45 сола банкро ғорат кард


Як зодаи Тоҷикистон рӯзи 7 март дар шаҳри Уссурийски Русия ба як бонк ҳамла оварда, бо таҳдиди таркондани бино 6 миллион рублро ба яғмо бурдааст. Пулис мегӯяд, ки ғоратгарро баъди ҳамагӣ чанд соат дастгир ва миллионҳои рабудаашро мусодира кардаанд.

Пулиси шаҳри Уссурийски Русия мегӯяд, ба зидди як марди 45-солаи сокини ин шаҳр, ки зодаи Тоҷикистон будааст, бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Акнун ба ин зодаи Тоҷикистон, ки исмаш нашр нашудааст, барои ба яғмо бурдани 6 миллион рубл, ё беш аз 100 ҳазор доллар аз яке аз бонкҳои маҳаллӣ то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, рӯзи 7 март, соати 12:20 як марди симояш шарқӣ ва сараш кал, ки дар тан либоси сиёҳ дошт, вориди дафтари як бонки маҳаллӣ дар кӯчаи Ленин, 126-и шаҳри Уссурийск шуд.

Ӯ ба кормандони бонк гуфтааст, ки дар тан тасмаи «шаҳид» дорад ва агар талабашро иҷро накунанд, бонкро метарконад. Ғоратгар маводи таркандаи дар баданаш насбшударо ба ходимони бонк нишон дода, амр кардааст, ки тамоми пули мавҷуда дар бонкро ба ӯ бидиҳанд ва зинҳор тугмаи бонги хатарро пахш карда, ба пулис хабар надиҳанд.

Ходимони бонк 6 миллион рубл маблағро ба дасти ин мард доданд ва ӯ бо ин пул ба мошинаш нишаста, фирор кардааст.

Танҳо баъди фирори ғоратгар ходимони бонк ба пулис занг задаанд.

Пулис мегӯяд, дар байни як фурсати кӯтоҳ шахсияти ғоратгарро мушаххас карданд ва ин марди 45-сола худи ҳамон рӯз «аз тарафи кормандони пулис бо кумаки нирӯҳои Росгвардия ва ФСБ дар як манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Ползунови шаҳри Уссурийск дастгир карда шуд. Дар ҷараёни кофтукоб пулҳои дуздишударо аз ин мард мусодира карданд.”

Пулис мегӯяд, ба ин зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ғоратгарӣ то 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи бузург таҳдид мекунад.

Худи ин мард далели даст ба ғорати бонк заданашро ҳанӯз шарҳ надодааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон