расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?

Ҳарчанд дар се моҳи аввали соли ҷорӣ (январ-март) ба буҷет ба ҷойи 4 млрд 532,9 млн сомонӣ, 4 млрд 802,4 млн сомонӣ маблағ ворид шуд, вале қарзи андоз 76,4 млн. сомонӣ зиёд шуда, ба 724 млн сомонӣ расидааст. Дар ин бора “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистонхабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки қарзи андоз ба ҳолати 1-уми апрели соли 2024 дар кишвар ба 724 млн сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба аввали соли 2024-ум 76,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин бе  дарназардошти қарзҳои ҶСК “НБО Сангтуда-1”, ки ба иттилои ин ниҳод 186,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, бештар аз ҳама ширкату корхонаҳои зерин аз андоз қарздор будаанд:
- ҶДММ “Талко Ресурс” 75,4 млн сомонӣ,
- ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 57,3 млн сомонӣ,
- ҶСК “Тоҷиктелеком” ва корхонаҳои тобеи он 38,8 млн сомонӣ,
- ҶДММ ТА КМ “Анзоб” 41,1 млн сомонӣ,
- КФ “Кони ангишти Зиддӣ” 15,5 млн сомонӣ,
- ҶСК “Алюминсохтмон” 20,2 млн сомонӣ,
- ҶСК “НБО “Роғун” 9,5 млн сомонӣ,
- Агентии захираҳои моддии давлатӣ 9,5 млн сомонӣ,
- ҶСК “Ангишт” 9,3 млн сомонӣ,
- КТ “Авесто” 7,8 млн сомонӣ,
- ҶСК “Авитсенна” 7,7 млн сомонӣ,
- КВД Коммуналии “Хизматрасонии нақлиётии санитарӣ” 7,3 млн сомонӣ,
- ҶСП “Таҷҳизоти аср” 5,6 млн.
“Дар маҷмӯъ, қарзи ин субъектҳо бештар аз 42,1 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳои дар ин давра бавуҷудомадаро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2024-ум 107,7 млн сомонӣ зиёд гардидаанд”, - зикр шудааст дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи андоз.
Дар ҷаласа нагуфтаанд, ки сабаби аслии афзоиши бақияи қарзи андоз дар чист.

Нозим Меликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябри соли гузашта дар парлумони Тоҷикистон гуфта буд, ки “сабаби таъмин нагардидани иҷрои нақша аз ҳисоби субъектҳои номбурда чун солҳои қаблӣ таъмин нашудани иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои ин корхонаҳо, нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолият ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад”.
Кумитаи андоз гуфтааст, ки дар се моҳи соли равон 266,1 млн сомонӣ қарзи андозро баргардонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ин ниҳод гуфтааст, дар ин давра нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет 105,9 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 4 млрд 532,9 млн сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 4 млрд 802,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардид.
Ба гуфтаи онҳо нақшаи андозҳо дар минтақаҳои кишвар ба таври зайл иҷро шудааст:
- ВМКБ 105,3 фоиз;
- вилояти Хатлон 102,5 фоиз;
- вилояти Суғд 101,9 фоиз;
- шаҳри Душанбе 108,8 фоиз;
- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 104,5 фоиз;
- Раёсати андози андозсупорандагони калон 92,2 фоиз.
Масъалаи бақияи қарзи андоз яке аз мушкилоти соҳа ба ҳисоб меравад.
Қарзи андоз - маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), баҳра  ё худ фоизҳои ҳисобшуда ва ҷаримаҳои таъйиншуда, ки аз ҷониби андозсупоранда эътироф шуда, вале дар муҳлати муқарраргардида ба будҷа пардохт нашудаанд
Яъне соҳибкорон ва ё корхонаву ташкилотҳое, ки саривақт маблағи андоз ва ё ҷаримаҳоеро, ки аз ҷониби мақомоти андоз татбиқ мегардад, ба будҷа пардохт накунанд, қарзи андоз ба вуҷуд меояд ва ба он гузашти вақт фоизу пеня зам гардида, он афзоиш меёбад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.