расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистону Қирғизистон дар 4 моҳи охир қариб 200 км марз байни ду кишварро мувофиқа кардаанд

Асосӣ / Сиёсат

Тоҷикистону Қирғизистон дар 4 моҳи охир қариб 200 км марз байни ду кишварро мувофиқа кардаанд

Имрӯз, 5 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду кишварро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид кард.




Суратҳо аз хадамоти матбуоти сарвари давлат1/2
“Масъалаҳои татбиқи тавофуқоти сарони ду кишвар доир ба пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва натиҷаҳои вақтҳои охир дар ин самт бадастомада дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт”, - омадааст дар хабар.
Таъкид шудааст, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд

Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дар дигар самтҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ ва ба мавзӯъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Жээнбек Кулубаев ба сарвари давлати Тоҷикистон аз номи президенти Қирғизистон Садир Жапаров паём расонида, зикр кардааст, ки рушди муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Қирғизистон маҳсуб меёбад.
Дар доираи сафар вазири корҳои хориҷии Қирғизистон назди пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулачанбар гузошта, инчунин бо ҷараёни корҳои сохтмон дар Неругоҳи барқии обии “Роғун” шинос шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Alexandr | Гости

    На данном сайт предлагает послушать или скачать новую музыку абсолютно бесплатно. Здесь вы найдете новинки музыки. Уверены, что они точно придутся вам по душе.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.