расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ФУРӮҲИ СУБҲИ ДОНОӢ” ВА ЭЪЛОНИ НОМИ ҒОЛИБОН (НОМ БА НОМ)

Асосӣ / Ҷомеа

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ФУРӮҲИ СУБҲИ ДОНОӢ” ВА ЭЪЛОНИ НОМИ ҒОЛИБОН (НОМ БА НОМ)

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ФУРӮҲИ СУБҲИ ДОНОӢ” ВА ЭЪЛОНИ НОМИ ҒОЛИБОН (НОМ БА НОМ)
Бар асоси матлаби "Азия Плюс"
Шоми 15-уми ноябри соли 2023, ар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар Душанбе ҷамъбаст гардид.
Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия - адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор гардид.
Номинатсияҳо миёни хонандагони синфҳои 1-4, синфҳои 5-11 ва синфҳои 10-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун тақсим шуда буд.
Шоҳҷоизаи озмуни мазкур ба донишҷӯи курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ тақдим шуд. Ӯ соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гардид.
Ҳамчунин дар озмун миёни хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳо дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Мадина Амонзода - хонандаи синфи 1-и мактаби №1-и ноҳияи Зафаробод - ҷойи 1, Бежан Абдуалиев - хонандаи синфи 1-и мактаби №14-и ноҳияи Данғара   ва  Шукрия Мусаябова - хонандаи синфи 4-и мактаби №20-и ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи дуюмро гирифтанд,.
Дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Муҷтабо Толибзода  - хонандаи синфи 4-и мактаби №94-и ноҳияи Сино ғолиб омад. Дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик  Суман Саидова - хонандаи синфи 4-и мактаби №71-и шаҳри Ваҳдат ва дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Нозанин Бойсаризода - хонандаи синфи 4-и мактаби №10-и шаҳри Исфара ҷойҳои аввалро ба даст оварданд. 
Дар номинатсияи эҷоди назм Шукрона Сайдализода-хонандаи синфи 10-и мактаби №8-и ноҳияи И.Сомонӣ  ва дар номинатсияи эҷоди наср Мақсуда Ҳакимзода-хонандаи синфи 10-и мактаби №75-и шаҳри Ҳисор  ҷойҳои якумро гирифтанд.
Дар номинатсияи эҷоди назм дар байни донишҷӯён Баҳманёр Худойбердиев-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва дар байни калонсолон Бахтиёр Раҳмонов-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб дониста шуда, дар байни калонсолон дар эҷоди наср  Диловар Саъдуллоев-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара ғолиб дониста шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.