расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АВВАЛИН ВИДЕОҲОИ БОЗПУРСИИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”: АВВАЛ МЕХОСТАНД, КИ МО ШЕРАЛӢ КАБИРРО БИДУЗДЕМ...

Асосӣ / Ҷомеа

АВВАЛИН ВИДЕОҲОИ БОЗПУРСИИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”: АВВАЛ МЕХОСТАНД, КИ МО ШЕРАЛӢ КАБИРРО БИДУЗДЕМ...

АВВАЛИН ВИДЕОҲОИ БОЗПУРСИИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”: АВВАЛ МЕХОСТАНД, КИ МО ШЕРАЛӢ КАБИРРО БИДУЗДЕМ... 
Ба   хабарии  аз манобеи муътамад се сабти видеоии кӯтоҳ аз ҷараёни бозпурсиҳои Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ дар парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расид. Ин сабтҳо пеш аз ҳама як чизро нишон медиҳанд, ки “Дилшоди Красавчик” бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ дорад ва хеле аз ҷузъиёти паси пардаи қазияи рабудани бонкдори маъруфро нақл карда истодааст.
“Дилшоди Красавчик”, ки риш дорад ва зоҳиран дар ҳузури адвокаташ баёнот медиҳад,  дар яке аз ин сабтҳо эътироф мекунад, ки рабудани Шуҳрат Исматуллоевро аз онҳо Қамар Азизов, як соҳибкори сокини пойтахт, бародари овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” хостааст. Ба гуфтаи “Дилшоди Красавчик”, гӯё Қамар Азизов, ки бо Исматуллоев тиҷорати муштараки хонасозӣ дошт, аз вай дуюним ё се миллион доллар қарздор шудааст ва “ба мо гуфт, ки намешавад, ки Шуҳратро аз байн бардорем?” Ӯ меафзояд, ки Қамар ба онҳо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои Тоҷикистон ва менҷери собиқи ширкати алюминсозии ТАЛКОро низ “наводка” дода буд, ки “аз Шуҳрат дида Шералӣ пули бисёртар дорад. Вале мо қабул накардем, чунки Шералӣ ба ҳама ёрдам мекунад, дасти кушод дорад”. “Дилшоди Красавчик” ҳамчунин дар баёноташ эътироф кард, ки ҳамчун пешпардохт “аз Қамар 50 ҳазор доллар гирифта, ба як шогирдам додам, ки барои иҷрои нақша мошин бихарад ва ягон манзилро иҷора бигирад..."

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.