расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАҶМИ ЗАРАР - 123 МЛН РУБЛ! МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА БАРҚАСДОНА ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИНИ ГАРОНБАҲОИ КОРФАРМОЯШ АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ҲАҶМИ ЗАРАР - 123 МЛН РУБЛ! МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА БАРҚАСДОНА ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИНИ ГАРОНБАҲОИ КОРФАРМОЯШ АЙБДОР МЕШАВАД

ҲАҶМИ ЗАРАР - 123 МЛН РУБЛ! МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА БАРҚАСДОНА ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИНИ ГАРОНБАҲОИ КОРФАРМОЯШ АЙБДОР МЕШАВАД
Додгоҳи ноҳияи Заелтсовои шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 21 августи соли 2023 ба баррасии парвандаи барқасдона оташ задани 10 мошини марбут ба хонаводаи автогоншики шинохта Дмитрий Матвеев оғоз кард. Мошинҳои Матвеевро рӯзи 9 феврали соли 2023 оташ заданд. Ҳаҷим умумии зарар 123 миллион рубл, ё тақрибан 1 миллиону 300 ҳазор доллар бо қурби расмии имрӯза баровард шудааст.
Дар курсии айбдорӣ муҳоҷир аз Тоҷикистон Қосимҷон Ҳоҷибоев нишастааст. Худи Қосимҷон дар ҷараёни тафтишот ва дар рӯзи аввали мурофиа даст доштанаш дар ин амалро комилан рад кард. 
Вале бино ба фарзияи тафтишот, ин муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки дар хонаи Матвеевҳо ҳамчун мардикор (разнорабочий) кор мекард, аз шароити кор ва ҳаҷми маошаш норозӣ буд ва бо мақсади ниқор гирифтан аз корфармо мошинҳои ӯро оташ задааст.
Дар рӯзи аввали мурофиа замони ҳабси муҳоҷири тоҷикро то 24 январи соли 2024 тамдид карданд. Ба Қосимҷон Ҳоҷибоев бар асоси қисми дуюми моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Русия барои барқасдона нобуд кардану молу мулки ғайр то 5 сол корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ва бар асоси қисми дуюми моддаи 158 барои дуздӣ то 5 соли дигари зиндон таҳдид мекунад.
Дар бораи ҷуброни зарар дар хабари департаменти додгоҳҳои вилояти Новосибирск чизе гуфта нашудааст, чунки, қарори маълум, аз як муҳоҷири бечора рӯёндани чунин маблағи бузург – 123 миллион рубл – коре берун аз имкон ба назар мерасад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.