расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳабси сокинони Ишқобод барои насби VPN дар телефонҳои мобилӣ

Ҷомеа / Ҳаводис

Ҳабси сокинони Ишқобод барои насби VPN дар телефонҳои мобилӣ

Акс аз бойгонӣ.

Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, мақомоти он кишвар таъқиби касонеро пурзур кардаанд, ки дар телефонҳои мобилӣ филтршикан ё VPN насб мекунанд.
Наздики 30 тан аз савдогарони яке аз бозорҳои шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои насби VPN дар телефони ҳамроҳи муштариҳояшон боздошт ва 15-рӯзӣ ҳабс карданд. Айни замон маълум нест, ки мақомот ин сокинонро дар асоси кадом моддаи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор кардаанд.
Таъқиби насби VPN дар телефонҳои мобилӣ дар ҳоле бештар мешавад, ки эътирози зодагони Туркманистон дар хориҷ аз ин кишвар афзоиш ёфтааст. Зодагони Туркманистон дар хориҷ истеъфои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти кишварро талаб доранд. Мақомот дар дохили Туркманистон талош мекунанд, ки аз паҳншавии навори эътирозҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Туркманистон ҳамасола дар баҳогузории созмонҳои байналхалқӣ аз рӯи озодии баён дар яке аз ҷойҳои пасттарин қарор мегирад. Дар ин кишвар шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва сомонаҳои расонаҳои муътабар дастнорас ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.