расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Тилофурӯшро фиреб дод: 725 ҳазорашро додаасту 659 ҳазорашро не

. / Иқтисодиёт

Тилофурӯшро фиреб дод: 725 ҳазорашро додаасту 659 ҳазорашро не

Бо гумони қаллобӣ як зани 45-сола боздошт шудааст.

Акси марбут
Сурат: depositphotos.com
ВКД аз боздошти як сокини ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, ки дар як муоимилаи тиҷоратӣ 659 ҳазору 511 сомонӣ пули ҷавоҳироти тиллои як сокини Душанберо надодааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  як сокини 45-солаи ноҳияи Ёвонро боздошт кардааст, ки моҳи сентябри соли 2019 аз як сокини шаҳри Душанбе ҷавоҳироти тиллоияшро гирифтаву 725 ҳазору 560 сомонияшро баргардонидаву 659 ҳазору 511 сомонии дигарашро надодааст.
ВКД кирдори ин зани 45-соларо қаллобӣ унвон кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки бар пояи ин далел  парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё не, зеро ВКД танҳо гуфтааст, ки нафари гумонбар боздошт шуд ва ҳодисаро ин ниҳод тафтиш мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.