расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ МАСКАВ – КӮЛОБ ДАР НИМИ РОҲИ БОЗГАШТ БА ВАТАН

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲАЛОКАТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ МАСКАВ – КӮЛОБ ДАР НИМИ РОҲИ БОЗГАШТ БА ВАТАН

ҲАЛОКАТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ МАСКАВ – КӮЛОБ ДАР НИМИ РОҲИ БОЗГАШТ БА ВАТАН
Шоми 18 марти соли 2024 як мусофири парвози Маскав – Кӯлоби ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар ними роҳ ҷон додааст. Бино ба иттилои Телеграм-канали “Авиаторщина”, ҳавопаймои тамғаи Airbus A321neo (RA-73802) шоми 18 март бо 92 мусофир аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба қасди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб  ба парвоз хест. Аммо дар ҷараёни парвоз аҳволи яке аз мусофирон бад шудааст. Меҳмондорони ҳавопаймо талош кардаанд, то ба ӯ кумаки тиббӣ бирасонанд, вале аҳволи мусофир бадтар шудааст. Дар ин бора ба фармондеҳи ҳавопаймо хабар додаанд ва ӯ тасмим гирифтааст, ки ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара дар ҷануби Русия фуруд биояд. 
Баробари ба фурудгоҳи Курумоч нишастани ҳавопаймо табибони “Ёрии таъҷилӣ” ба кумаки мусофири парвози Маскав – Кӯлоб шитофтаанд, вале мутаассифона, натавонистаанд, ки ӯро аз чанги аҷал наҷот бидиҳанд.Ҳавопаймо баъди 2 соат бо мусофирони боқимондааш аз Самара ба Кӯлоб парвоз кардааст.
Дар бораи шахсият ва синнусоли мусофири фавтида маълумоте дода нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё чӣ беморие сабаби марги ин мусофир дар ними роҳ шуд?
Дар вақтҳои охир дар бораи ба иллати бад шудани аҳволи мусофиронашон дар ними роҳ дар фурудгоҳҳо ба таври изтирорӣ нишастани ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон парвоз мекарданд, чандин хабар ба даст расида буд. Вале ин нахустин мавридест, ки як мусофир дар ними роҳи парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ҷони худро аз даст медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.