расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН! Изҳороти варзишгарони Тоҷикистон

. / Варзиш

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН! Изҳороти варзишгарони Тоҷикистон


Мо,  варзишгарони соҳибмиллату соҳибдавлат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбуб бо ифтихору сарфарозӣ ва эҳсоси беандозаи ватанпарастӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Чунин омадааст дар изҳороти варзишгарони Тоҷикистон дар робита ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи ИҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» ворид шуд.

Дар зер матни пурраи изҳорот пешниҳод мешавад.
Мо, насли ояндасози Ватан, пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки Роҳнамои мо, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми азму кори хеш ба неруи тавонбахши ҷавонону варзишгарони мамлакат такя намуда, баҳри ҳалли мушкилоти онҳо дар густариши ҷомеаи муосир тадбирҳои судманд меандешанд.

Ин амали ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷавонони саодатманди мамлакат  Паём медиҳад, ки «ман ба имрӯз ва фардои Шумо эътимод дорам ва ҳамеша барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон дар каноратон ҳастам».
Мо, ҷавонон ва варзишгарони мамлакат ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат гуфтанӣ ҳастем, ки мо Шуморо рамзи мустақилияти давлат, ҳамчун як падидаи сиёсиву ҳуқуқӣ, нишони пойдориву бардавомии давлатдории тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мепиндорем.

Дар партави сиёсати дурандешонаи ин шахсияти поктинат, фаъолнокии ҷавонон дар роҳи мубориза алайҳи ноадолативу нобаробарӣ чун пайравони асили Пешвои миллат баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва садоқат ба Ватан бараъло эҳсос гардида, комёбии варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз дастгириҳои олию ҳамешагии Пешвои тоҷикони дунё ба даст омадааст.

Мо ҷавонону варзишгарони мамлакат ба ин Ватан содиқ будан, инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштан, манфиатҳои миллатро аз ҳама боло гузоштан, дар роҳи саодати мардум худро фидо карданро аз Пешвои муаззами миллат омӯхтем. Зеро мо, ҷавонону варзишгарон пайравон ва давомдиҳандагони ҳадафҳои олии созандаи Пешвои миллатем!.

Имрӯзу ҳама рӯз мо хуб медонем, ки қувваи мо дар якдиливу ягонагии мост!  Аз ин рӯ, мо, ҷавонону варзишгарон, дасти ҳам гирифта, ин Ватанро обод мекунем, дар роҳи ҳифзи хоки поки он агар лозим ояд, ҷони худро фидояш месозем. Сарсупурдагиву хизмати содиқонаро рисолати фарзандии худ қарор дода, роҳи пуршарафи Пешвои муаззами миллатро идома медиҳем.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки мо ҷавонон бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон ҷонибдорӣ менамоем ва бо пайравӣ аз Пешвои миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм мегузорем.

Бинобар ин, ба хотири таъмини амнияти солимӣ, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии осоишта ба ҳар сокини мамлакат, муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва боз ҳам ободу зебо намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳтиромона аз номи тамоми варзишгарони мамлакат  номзади пешбаринамудаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ 

Раҳмонро барои иштирок дар интихоботии навбатии дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.
Тоҷикистон бо Пешвои муаззами миллат ба пеш!».

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.