расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҚАРИБ ШАВҲАРИ КАМПИР ШАВАМ

. / Ҷомеа

ҚАРИБ ШАВҲАРИ КАМПИР ШАВАМ


Ман Ҷовид. Се сол боз дар Русия кор мекардам, вале маро депорт намуданду ранҷу азобам сар шуд.

Падарам ба ҷону ҳолам намонда «синну солат ба ҷое расидааст, биё бо ҳамин зиндагиам саратро ҷуфт кунем» мегуфту модарам гапи шавҳарашро тақвият дода мудом мепурсид, ки ягон духтари таги чашм кардагӣ дорам ё не. Дидам, ки азми пиру кампир ҷиддист, «худатон медонед, касеро, ки хоҳед, келин кардан гиред» гуфтам. Падару модарам шод шуда бо кулчаю қатмол ба дари чанд ҳамсояи духтардорамон хостгорӣ рафтанд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Навмед нашуда ба духтарони дигар деҳаҳо талабгор шуданд, аммо дар ҳама ҷо «аввал домодро бинем» мегуфтанд.

Волидонам маро зӯран сару соз карда ба хонаи арӯсшавандаҳо мебурданд, аммо ҳамин ки аз дар даромадем, як гапро мешунидем: «Вий, сари ин бача кал будааст! Не, намешавад!» Аз келинкобиҳои падару модарам хаста шуда, қарор додам, ки арӯсро худам меёбам. Тариқи телефон бо Марҳабо ном духтаре шинос шудам. Шабу рӯз гап зада хаёлан қасри бахт месохтем. Мақсадамро ба ӯ гуфта хоҳиш кардам, ки як бор ҳамдигарро аз наздик бубинем, агар ман ба ӯ писанд ояму розӣ шавад, ба хонаашон хостгор мефиристам.

Марҳабо «дидан чӣ лозим, ман духтари зоҳирпараст нестам, калу кӯр бошед ҳам, шумо ба ман писанд меоед, чунки сирати зебо доштаед» гӯён, тақозо намуд, ки ҳарчи зудтар хостгорҳоямро ба хонаашон фиристам.
Суроғаи хонаашонро пурсидам. Номи маҳаллаашонро гуфта таъкид намуд, ки дарвозаи сеюм хонаи падари ӯст. Вақте ки ману падару модарам бо дастурхонҳои калон-калони пур аз кулчаю тӯша ва мағзу мавиз ба маҳаллаи гуфтааш расида дарвозаи хонаи сеюмро кӯфтем, зани лоғарандоме дарро кушода мақсадамонро пурсид. Худамонро шинос карда барои духтараш хостгорӣ омаданамонро фаҳмондем.

подробнее тдж: https://oila.tj/news/arib-shavari-kampir-shavam

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.