Coca-Cola маълумот доир ба нақзи қонунгузории муҳоҷиратро рад мекунад

Ширкати «Coca-Cola - Нӯшокиҳои Тоҷикистон» изҳор мекунад, ки дар хабари интишоршуда дар сомонаи «Азия-Плюс» доир ба гӯё аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мавриди ҷаримабандии маъмурӣ қарор гирифтани ширкат як қатор носаҳеҳиҳо ҷой доранд.

«Дар мавод қайд мешавад, ки «бинобар сабаби риоя накардани қонунгузории муҳоҷират, ширкати «Coca-Cola - Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ба мушкилот дучор шуда, яке аз менеҷерони ширкат, ки мансаби раҳбариро ишғол мекунад, барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаримабандӣ мешавад». Таъкид месозем, ки санҷиши кормандони Хадамоти муҳоҷират дар дафтари кории мо таври маъмулӣ сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он ҳеҷ қонуншикание ошкор нашудааст ва ба унвони мо аз Хадамот дар бораи ҷаримабандӣ ё дигар чораҳо аз ҷониби ин ниҳод ягон огоҳинома нарасидааст», - хабар доданд аз ширкат.

Ҳамчунин дар хабар гуфта мешавад, «Дар ширкати «Coca-Cola - Нӯшокиҳои Тоҷикистон» далелҳои риоя нашудани қонунгузориро тасдиқ намуда, вале аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ варзиданд».

«Гуфтанием, ки замони интишори ин мавод санҷиш ҳоло ба итмом нарасида буд, ва мо имкон надоштем, ки маълумоти мазкурро тасдиқ ё инкор намоем. Гузашта аз ин, тавре дар боло зикр кардем, дар ҷараёни санҷиш ҳеҷ як амали риоя нашудани қонунгузорӣ ошкор нашудааст», - зикр мекунанд дар ширкат.

Таъкид мешавад, ки бо директори генералии ширкат, ки айни замон ягона раиси расмии корхона мебошад, ҳеҷ кас доир ба гирифтани шарҳи натиҷаҳои санҷиш муроҷиат накардааст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон