расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Интихоботи президентӣ - 2020

. / Сиёсат

Интихоботи президентӣ - 2020

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки номзадияш дигарбора ба мансаби президент пешбарӣ шудааст, гуфт, бо чанд барномаи муҳим вориди корзори сиёсӣ хоҳад шуд.
Мухолифон Абдуҳалим Ғаффорови 69-соларо ба пуштибонӣ аз ҳукумати кунунӣ ва ҳизбашро барои, ба истилоҳ, "кисагӣ" будан танқид мекунанд. Вай рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳизбаш "кисагӣ" нест ва худаш ҳам шахсияти шонздаҳ соли пеш нест. Замоне ки ӯ раҳбарии як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро ба уҳда гирифт ва дертар Вазорати адлия онро ба расмият шинохт.
Номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ба мақоми президенти Тоҷикистон бори севум пешниҳод шудааст. Ӯ дар ду интихоботи гузаштаи президентӣ ноком буд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар оғози суҳбат аз ӯ пурсиданд, ки то куҷо бовар дорад ин дафъа раъйи кофиро ба даст меорад?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Ҳар шахс, ки мақсади президент шуданро дар назди худ гузоштааст, кӯшиш мекунад, ба ин поя бирасад. Президент бояд ақлу заковати баланд дошта, олиму оқил бошад ва нисбат ба мардум ғамхорӣ кунаду барои ояндаи неки ҷомеа саҳм гузорад. Муносибати дӯстонаро бо кишварҳои дигар ҳифз кунад. Чунин хусусиятҳо дар баъзе аз одамоне, ки имрӯз номзадии худро ба мақоми президентӣ гузоштаанд, дида мешавад ва ман низ аз он орӣ нестам. Барномаҳои ман тамоми соҳаҳоро фаро мегирад. Аз зиёд кардани нафақа, то ғамхорӣ ба маъюбону занони танҳо ва бештар кардани даромади давлат аз ҳисоби коркарди захираҳои табиӣ."
Радиои Озодӣ: Ба тахминатон чанд дарсади мардум ба Шумо овоз хоҳанд дод?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мутаассифона, инро пешгӯӣ карда наметавонам, аммо кӯшиш мекунем, овози заруриро барои президент шудан соҳиб шавем. Ҳадафи мо ҳам барои ворид шудан ба ин корзор ҳамин аст. Аз сӯи дигар, ин ба барномаҳои таблиғотии мо дар миёни мардум ҳам вобаста аст, ки дар якуним моҳи оянда сурат мегирад."
Радиои Озодӣ: Ҳадди ақал рақами тахминиро намегӯед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Не, чизе гуфта наметавонам."
Аз хатти метро то...
Радиои Озодӣ: Ҳанӯз Кумисюни марказии интихобот номзадии Шуморо расман тасдиқ накардааст, вале бахше аз барномаҳои таблиғотии Шумо ба матбуоти Тоҷикистон роҳ ёфт ва боис ба баҳсҳои зиёд шуд. Яке сохтмони метро дар Душанбе буд ва дигаре ситондани “ҳақ” аз мошинҳое, ки аз минтақаҳои атроф ба пойтахт меоянд...
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мардум ин ду чизро нодуруст фаҳмиданд. Якум, ман гуфтам, дар чаҳор дарвозаи шаҳр терминалҳо сохта шавад. Яъне, мошинҳое, ки аз берун ба пойтахт ворид мешаванд, дар онҷо бар ивази аз 3 то 5 сомонӣ гузошта шаванд. Ин маблағ ба буҷа ворид мегардад. Ин барои тоза нигоҳ доштани ҳавои шаҳр аз назари экологӣ ва пешгирӣ аз танбашавии роҳ дар кӯчаҳои пойтахт низ муҳим аст. Дуюм, дар замони Шӯравӣ дар ҳар пойтахте, ки аҳолияш аз як миллион зиёд буд, хатти метро месохтанд. Имрӯз 28 ҳазор гектар заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди пойтахт илова карда шуд. Агар вазъ ба ҳамин шакл идома кунад, дар оянда ҳамроҳ шудани Ваҳдату Ҳисор ва Варзоб низ ба Душанбе дар назар аст. Ба хотири ин ки роҳҳо танг нашаваду боис ба танбашавии мошинҳо нагардад, сохтани хатти метро лозим меояд."
Радиои Озодӣ: Вале тарҳи сохтмони метроро дар Душанбе ҳанӯз солҳои 1970 рад карда буданд, чун мегуфтанд аз зери шаҳр об мегузарад...
Абдуҳалим Ғаффорзода: "Шумо дуруст гуфтед, барои мисол, ҳамин дарёи Кофарниҳон дар зери шаҳр ҳаст. Аммо мешавад метроро дар ҷойҳои кушод ҳам сохт, мисле ки дар Русия ҳаст. Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯйизаминӣ бошад. Албатта, инро омӯхтан даркор аст, ки дар куҷо мешавад, дар куҷо не."
Порае аз навори суҳбат бо Абдуҳалим Ғаффоров. Шакли пурраи он дертар дар сомонаи Озодӣ ва саҳифаи мо дар Ютуб нашр хоҳад шуд:
Радиои Озодӣ: Киҳоро ҳамчун шахсони боэътимод дар маъракаи таблиғотӣ интихоб кардед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Шахсони боварноки ман одамони қавӣ ва номзадҳои илм ҳастанд. Намояндагони ҳама гӯшаву канори кишвар. Аз сабаби он ки номзад наметавонад бо ҳамаи интихобкунандагон мулоқот кунад, шахси боварнок ҳақ дорад ба ҷойи ӯ барномаҳоро муаррифӣ кунад."
Радиои Озодӣ: Бартарии худро аз президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар чӣ мебинед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Суоли бисёр аҷиб аст. Ҳар кас дар ҳар ҷо ҳар хел мавқеъ дорад. Дар муддати қариб сӣ сол, ки президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат ҳастанд ва дигаргуниҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, мавқеъ ва эътибори ҷаноби олӣ ниҳоят бузург аст. Вақте ман ҳам ба ин корзор ворид шудам, албатта, бартарӣ дорам. Аз миёни нӯҳ миллион аҳолии Тоҷикистон шаш нафар номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод шудан ин маънои онро дорад, ки онҳо фаррош ё рӯбанда нестанд..."
Радиои Озодӣ: Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи моҳи октябр номзади худ пешбарӣ кард. Агар дар дебат ё баҳси зинда бо ӯ рӯбарӯ шавед, чӣ мепурсед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Вақте чунин имкон шавад, саволҳои ман ба манфиати миллату давлат аст. Саволҳоеро аз президент мепурсам, ки ҷавобашро намедонам ва он ҷавобҳоро барои татбиқ кардани барномаҳои худ истифода мебарам."
"Бояд аз Сингапуру Чили омӯзем"
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд ҳизби Шумо танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот вориди ин корзори сиёсӣ шудааст. Дар доираҳои коршиносон гуфта мешавад, барои ҷамъоварии имзо ба Шумо ҳукумат мадад мекунад ва номзадиятон ҳам аз сӯйи ҳукумат пешниҳод мешавад...
Абдуҳалим Ғаффоров: "Ман даҳ сол аст дар ин бора гап мезанам. Он шахсоне, ки дар Интернет ҳаргуна ҳарфҳоро менависанд, муҳаббат ба ватану миллат надоранд. Агар ҳизби мо кисагӣ мебуд, бо чунин гапҳо дар порлумон суҳбат намекардам. Хушбахтона, ман дигар Абдуҳалими соли 2004 нестам ва дарк мекунам, ки ҷомеа чӣ мушкил ва камбудҳо дорад ва роҳҳои ҳаллаш кадом аст. Барои ин, бояд аз кишварҳое ба монанди Сингапуру Чили омӯзем, ки дар як муддати кӯтоҳ пешрафт карданд. Мутахассисони худро барои омӯзиш ба ин кишварҳо фиристем."
Радиои Озодӣ: Имкон дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз иштирок дар интихоботи президентии 11-уми октябр даст кашад ва он гоҳ, ба назари Шумо, чӣ ҳолат пеш меояд?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” президенти ҳозира ҳақ дорад, номзадии худро бемаҳдудият гузорад. Агар зарурате пеш ояд ва ягон шахсиятро пешниҳод кунад, ҳеч гапе нест."
Радиои Озодӣ: Вақте ҲСТ дар соли 1996 таъсис ёфту аввалин анҷумани худро баргузор кард, раҳбари нахустинаш зан буд. Аммо чаро дар интихоботҳо номзадии зане пешбарӣ нашуд?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мо ду занро барои номзад шудан ба мақоми президентӣ омода карда будем. Яке имрӯз вакили шаҳрӣ аст ва дуюмӣ муовини раиси ҲСТ. Яке барои ҷавон будан нахост дар ин маърака ширкат кунад, дигаре дар анҷуман номзадияшро пас гирифт ва овозҳояшро ба ман дод."

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.