Рӯзи байналмилалии забон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


21-уми  феврали  соли  ҷорӣ  дар    Донишкадаи  соҳибкорӣ  ва  хизмат бахшида  ба  Рӯзи  байналмилалии  забон таҳти унвони “Забон-оинаи тақдири миллат” бо  ташаббуси  кафедраи  фарҳанги  соҳибкорӣ  ва  забони  донишкада мизи мудаввар доир  гардид.

Дар кори мизи мудаввар  олимони варзидаи  Институти  забон,  адабиёт,  шарқшиносӣ  ва  мероси  хаттии  ба  номи  Рӯдакии  АИ  ҶТ иштирок ва суханронӣ карданд.

Ректори  донишкада,  профессор  Диловар  Қодирзода    нишасти илмиро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Рӯзи  байналмилалии забон (International Mother Language Day) дар Конфронси генералии ЮНЕСКО аз 17 ноябри соли 1999 эълон гардида, аз соли 2000  инҷониб санаи 21 феврал он ҳамасола қайд карда мешавад. Мақсад аз эълон гардидани Рўзи байналмилалии забон — ин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат поку беолоиш нигоҳ доштани забон  ва фарҳанги нутқ мебошад.

Ҳузур  ва  баромади  директори  Институти  забон,  адабиёт,  шарқшиносӣ  ва  мероси  хаттии  ба  номи  Рӯдакии  АИ  ҶТ,  доктори  илмҳои  филологӣ,  профессор  Раҳматуллозода  Сахидод  зинатбахши  мизи  мудаввар  буд.

Дар  муҳтавои  барномаи  мизи  мудаввар  мавзуъҳои  “Вижагиҳои  грамматикӣ  дар  забони  яғнобӣ”- маърӯзаи н.и.ф., дотсент Сайфиддин  Мирзоев  (Институти  забон,  адабиёт,  шарқшиносӣ  ва  мероси  хаттии ба  номи  Рӯдакии  АИ  ҶТ),  “Нақши  зиёиёни  имрӯзаи  тоҷик  дар  ҳифозати  забони  миллӣ  дар  давраи   муосири  ҷаҳонишавӣ”-маърӯзаи  д.и.п., профессор  Хоҷаев  Қ.Т. (Донишкадаи  соҳибкорӣ  ва  хизмат),  “Истифодаи  оқилонаи  вожаҳои  шевагӣ  дар  ғанӣ  гардонидани  забони  давлатӣ”-маърӯзаи  н.и.п., дотсент  Абдусамад  Ҳайдаров  (Донишкадаи  соҳибкорӣ  ва  хизмат)  хеле  ҷолибу  шуниданӣ  буданд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон