расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Дар мувофиқа бо президент муовинони раисони 11 шаҳру ноҳияҳои Хатлон иваз шуданд

. / Президент

Дар мувофиқа бо президент муовинони раисони 11 шаҳру ноҳияҳои Хатлон иваз шуданд

Ахиран муовинони нави раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Ш. Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъйин гардиданд

Ахиран иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран дар мувофика бо раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Ш. Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъйин гардиданд.
Дар ҷаласа Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки кадрҳои навтаъиншуда бояд барои ба боварии роҳбари давлат ва мардум сазовор будан ва иҷроиши саривақтии вазифаву уҳдадориҳо
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар ин ҷаласа масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии насли наврас аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ташкил намудани вохӯриҳои иттилоотӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонону наврасон баррасӣ гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон ба ҳамаи кадрҳои навтаъиншуда барору комёбӣ хост ва дар бораи дарки баланди масъулият таъкиди ҷиддӣ кард.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.