расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Фаврӣ: се миллион “доля”-и бонкдор Исоев аз Ғуломовҳо барои интиқоли ғайриқонунии 150 миллион

. / Ҷомеа

Фаврӣ: се миллион “доля”-и бонкдор Исоев аз Ғуломовҳо барои интиқоли ғайриқонунии 150 миллион

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, мақомдори баландпояи “Амонатбонк” якҷоя бо бародарон Ғуломовҳо ширкатҳо таъсис дода, ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додаанд
 Ба иттилои Юсуф Раҳмон, шаҳрванд Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории “Амонатбонк”, бо бародарон Ғуломовҳо чанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, Ғуломовҳо ҳангоми аз соҳибкорон барои интиқол қабул кардани маблағ бо пули сомонӣ, қурби долларро аз нишондоди Бонки миллӣ баланд нишон дода, аз ҳар 100 доллар аз 10 то 100 сомонӣ фоидаи муфт гирифтаанд.
Ҳаҷми маблағе, ки аз шаҳрвандон гирифта шудаст, ҳудуди 151 миллиону 766 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуда, фоидае, ки дастанадаркорон гирифтаанд - 5,5 миллион сомонӣ, 73 900 доллар ва 255 276 рубли русиро ташкил додаст, таъкид мекунанд манобеи расмӣ. Дар бораи бародарон Ғуломовҳо иттилои бештаре ироа нашудааст.
Додситони кул тавзеҳ дод, ки бо мусоидати Исоев, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону  982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо”  3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ба иттилои мнабаъ, аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Read more: https://sputnik-tj.com/economy/20210131/1032732284/Gulomov-intiqol-million-dollar-million-dolya-Isoev.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.