расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Лавров: ИМА хоҳиши устувор дорад иқтисоди Русияро аз байн бубарад

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Лавров: ИМА хоҳиши устувор дорад иқтисоди Русияро аз байн бубарад

Дар пасманзари рафтори таҷовузкоронаи ИМА, Русия ба хулосае омад, ки бояд ба худ ва онҳое, ки тавони гуфтушунидро доранд, такя кунанд

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Иёлоти Муттаҳида мунтазам талош доранд, иқтисоди Русияро новобаста аз раисҷумҳур ва ҳизби ҳоким нобуд созад.
Вай дар ин бора дар нишасти матбуотӣ дар пайи як сафари корӣ ба ИМА бахшида ба раёсати Русия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт.
"Ман Барак Обама дар ёд дорам, ки соли 2010 гуфта буд, иқтисоди Русия пора-пора шудааст", — гуфт Лавров.
Ба гуфтаи вай, ин хоҳиши устувор ва вобаста ба ин ё он раисҷумҳури Амрико ва ҳизби ҳоким тағйир намеёбад. Вай афзуд, бинобар ин Русия кайҳо ба хулосае омадааст, ки бояд онҳое, гуфтушунид кунад, ки созишпазиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ Лавров ёдовар шуд, ки кишварҳои Ғарб ҳуқуқ надоранд аз номи тамоми башарият ҳарф зананд.
Чуноне, ки ӯ кайд кард, Вашингтон ва кишварҳои ҳамшарикаш, усулу қавонини ҳукуи байналмилалиро доимо нақз мекунанд, кушиш мекунанд, ва касоне, ки ба онҳо итоат намекунад ҷазо медиҳанд.
"Мо бояд рафтори шоиста дошта бошем ва ҳамаи аъзои ҷомеаи байналмилалиро эҳтиром кунем", - гуфт Сергей Лавров, вазири хориҷи Русия.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.