расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Шиносномаи тиллоӣ: Дар кадом кишварҳо тоҷикон метавонанд барои сармоягузорӣ шаҳрвандӣ гиранд?

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Шиносномаи тиллоӣ: Дар кадом кишварҳо тоҷикон метавонанд барои сармоягузорӣ шаҳрвандӣ гиранд?

Айни замон одамони сарватманд метавонанд зиндагӣ ва тиҷорати худро бо як кишвар маҳдуд накунанд. Барномаҳои дарёфти шаҳрвандӣ барои сармоягузорӣ як роҳи зуд ва соддаи гирифтани шиносномаи кишвари дигарро бе зарурати иқомати дарозмуддат ё ҳатто сафар кардан пешниҳод мекунанд.

Сармоягузорӣ як роҳи муассири гирифтани шаҳрвандии алтернативӣ ё иҷозаи истиқомат аст. Лекин ба куҷо ва чӣ гуна метавон сармоягузорӣ кард?

Ва барои онҳое, ки намехоҳанд шаҳрвандии Тоҷикистонро аз даст диҳанду вале ҳамзамон мехоҳанд дар кишваре ҳуҷҷат гиранд, ки душаҳрвандииро иҷоза намедиҳад, як варианти иҷозаи истиқомат (ВНЖ) вуҷуд дорад ва онро низ тавассути сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар медиҳанд.
Он дар кишварҳои ҳамсояи наздиктарини мо чӣ гуна аст?

Ӯзбекистон

Гирифтани шаҳрвандии ин кишвар тавассути сармоягузорӣ ғайриимкон аст, аммо дарёфти иҷозаи иқомат (ВНЖ) комилан имкон дорад. Барои ин сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул лозим аст, ки ҳадди ақалли маблағи сармоягузорӣ 300 000 доллари ИМА мебошад. Барномаи мазкур танҳо дар минтақаи Тошканд ва вилояти Тошканд амал мекунад, дар дигар ҷойҳо сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ба инобат гирифта намешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.