расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат иҷро шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати дифоъ кишвар хабар медиҳад.
“Аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои 100 фоизаи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон гузориш доданд”, - менависад манбаъ.
Аммо, ба иттилои ин ниҳод, “бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти мақомоти масъули вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи майи соли равон идома меёбад”.
Ҳамчунин, дафтари матбуоти Вазорати дифоъ навиштааст, бо назардошти зиёд будани теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, ба хусус ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, ки хоҳиши шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд, даъвати имсолаи баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб арзёбӣ карда мешавад.
Зикр гардидааст, ки дар ҷараёни маъракаи даъвати ҳарбии имсола “монеаву мушкилот ба назар намерасад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад.
 
Акси марбута
Ғайр аз ин, имсол дар Душанбе шеваи нави “сарбозшикор”-ро пеш гирифтаанд: чанде аз ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карданд, ки онҳоро дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт иҷборан ба маршруткаи берақам бор карда, дар бораи хидмати ҳарбӣ кардан ва ё накарданашон пурсон мешаванд.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед:

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.