расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ

Дар ноҳияи Қубодиён нозири минтақавии Шуъбаи ВКД ҳамин ноҳия С.Давлатзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд.
Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ӯ ба гирифтани пора барои “ба ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ” (хидмати ҳарбии алтернативӣ ё худ пулакӣ) фиристодани даъватшаванда” гумонбар дониста мешавад. 
Ба иттилои манбаъ, барои “хидмати худ” ӯ 66 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Давлатзода дидаву дониста аз он ки ваколати сафарбар намудани шаҳрвандро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ надорад, бо вуҷуди ин, аз шаҳрванд Э.А. пулро мегирад.
“Аммо ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф мекунад”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатзода мутобиқи банди “а”, қисми 3, моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.