расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ ҶАРОҲАТАШ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА 3 МИЛЛИОН РУБЛ РӮЁНД

Асосӣ / Муҳоҷир

МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ ҶАРОҲАТАШ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА 3 МИЛЛИОН РУБЛ РӮЁНД

МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ ҶАРОҲАТАШ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА 3 МИЛЛИОН РУБЛ РӮЁНД
Додгоҳи ноҳияи Новосибирски Русия ахиран даъвои як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Украина захмӣ шуда буд, қонеъ гардонда, комиссариати ҳарбии вилояти Новосибирскро муваззаф сохт, ки ба ӯ ба маблағи 3 миллион рубл (чизе бештар аз 33 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт кунад.
Аҳмад баҳори соли 2022, баробари оғози ҷанги Украина  ба ҷанг рафт.
Адвокати Аҳмад Марина Шевченко мегӯяд: “Дар ҳайъати як воҳиди ихтиёриён аз ҷумҳурии Чеченистон ӯро ба минтақаи амалиёти ҷангӣ фиристоданд. Ӯ баъди як моҳ ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористонҳои гуногуни вазорати мудофиаи Русия табобат мегирифт. Дар ниҳоят ба вай ба сабаби ҷароҳати гирифтааш мақоми маъюби гуруҳи 2 доданд. Аҳмад баъди анҷоми табобат дар баҳори соли 2023 ба таври сода шаҳрвандии Русияро ба даст овард. Барои ҷароҳаташ ба ӯ ҷуброни аз тарафи волии вилоят ҷудошударо ҳам бидуни чуну чаро доданд, вале ӯ як соли тамом давутоз кард, то ҷубронеро, ки президенти Русия барои маҷруҳон муқаррар кардааст, бигирад. Азбаски Аҳмад хидматчии ҳарбӣ набуд, барои ҷуброн ба комиссариати ҳарбии вилояти Новосибирск муроҷиат кард, вале ҷавоби рад гирифт. Сабабаш гӯё ин буд, ки ҳангоми захмӣ шуданаш ӯ бо вазорати мудофиа қарордод надошт”.
Дар пайи посухи рад додани ниҳодҳои давлатӣ Аҳмад ба ҳуқуқдон Марина Шевченко муроҷиат кард ва бо кумаки ӯ ба додгоҳи ноҳияи Новосибир аризаи даъвогӣ дод. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Новосибирск, талабҳои Аҳмад қонеъ гардонида шуда, далели иштирокаш дар ҳайъати воҳиди ҳарбии ихтиёриён муайян карда шуд ва аз комиссариати ҳарбии вилоят пули ҷуброн барои ҷароҳаташ рӯёнда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.