расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон

Танҳо дар як ҳафтаи охир (13-19-уми май дар назар аст. -Идора) 1200 муҳоҷири кории тоҷик оид ба боздошти ғайриқонунӣ, нақзи ҳуқуқашон аз сӯи пулиси Русия ва қарорҳои беасоси ихроҷашон аз сӯи додгоҳҳои ин кишвар ба ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия шикоят кардаанд. 
Манбаъ гуфтааст, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуда, масъалаҳои марбутаи шаҳрвандон барои баррасии минбаъда аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ қабул карда шуданд.
Ин ниҳоди ҷамъиятӣ гуфтааст, ҳар ҳафта рӯзи шанбе ҳуқуқшиносони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бинои сафорат қабул ва дар робита ба мушкилашон тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
“Дар давоми ҳафтаи равон ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд”, - гуфтааст Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат.
Ин ниҳоди ҷамъиятӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, даъват кардааст, вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии худ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, воқеъ дар бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Русия, шаҳри Маскав, кӯчаи 2-юми Тверская- Ямская, хонаи 40\3 муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт, ки ин Шӯро як ниҳоди машваратии ҷамъиятӣ буда, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъсис ёфтааст.
Муроҷиати ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар ҳолест, ки дар ин кишвар беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик кор мекунанд ва пайваста зери фишори мақомоти қудратии Русия қарор доранд.
Махсусан, баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”-и Русия, ки дар он чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд, фишор болои муҳоҷирон ҳам дар дохили Русия ва ҳам дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар бештар шуд.


Дар ин бора Шӯрои ҷамъиятӣ хабар медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.