расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад

Асосӣ / Сиёсат

Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон ба итмом расидааст ва ӯ ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ муттаҳам шудааст. Дар ин бора Раёсати тафтишотии Агентии зиддифасоди Тоҷикистонхабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Абдураҳмонзода ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта пора гирифтааст.
“...барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ бо ин парвандаҳо аз хешвандони судшавандагон дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 ҳазору 800 сомониро ғайриқонунӣ гирифтааст”, - омадааст дар хабар.
Ҳоло нисбати Бахтиёр Абдураҳмонзода бо моддаҳои 247, қисми 4, банди «б»-и, 314, қисми 2 ва 319, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Ҳамчунин, нисбати Бахтиёр Абдураҳмонзода чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст.
Ба иттилои ҳафтаномаи “Фараж”, парвандаи ҷиноятии Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон дар Додгоҳи олии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Тақдири минбаъдаи собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ аз ҷониби ҳамкасбаш дар Додгоҳи олӣ Далер Холиқмуродзода қазоват мешавад. Аммо Холиқмуродзода дар суҳбат бо ин ҳафтанома аз ҷузъиёти мурофиаҳои судии парвандаи мазкур худдорӣ кард.
“Баъди қабули ниҳоии қарори суд ҳақ дорем, ки ба шумо ягон маълумот диҳем”, - гуфтааст Далер Холиқмуродзода.
Бояд гуфт, ки 26-уми январи соли равон расонаҳо хабар дода буданд, ки Бахтиёр Абдураҳмонзода ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешавад.
Ҳамин тавр, пас аз 4 рӯз, 30-юми январи имсол раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумронро аз вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Абдураҳмонзода соли 2018 ба вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Ӯ то он дам ба ҳайси додрас дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.