расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?

Маблаги хизмати ҳарбии пулаки ба куҷо равона карда мешавад  ва ба куҷо бояд муроҷят кард
Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 45 рӯз дар тамоми кишвар наздики 90 дарсад иҷро шудааст. Вилояти Суғд аз ҳама камтар нақшаро иҷро кардааст ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баъди Суғд қарор дорад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистонхабар медиҳад.
Вазорати мудофиа менависад, дар манотиқи кишвар нақшаи даъват ба таври зайл иҷро шудааст:
- шаҳри Душанбе 100 дарсад;
- вилояти Суғд 67 дарсад;
- вилояти Хатлон  100 дарсад;
- шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 88 дарсад;
- ВМКБ 100 дарсад.

Ин ниҳод гуфтааст, “дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузориш доданд”.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Аз 1-уми апрели соли равон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.