расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд

Асосӣ / Сиёсат

Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд

Дар қаламрави ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бостоншиносон харобаҳои як кӯшк (қаср)-ро пайдо карданд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад.
Кӯшкро сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Муҳсин Бобомуллоев пайдо кард.




Суратҳо аз саҳифаи Осорхонаи миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ1/2
мДар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ маълум шуд, ки ин ёдгорӣ кӯшк буда, он аз ду қабат иборат аст. Ошёнаи якум аз похса ва ошёнаи дуввум аз хишти хоми маъмулии ҳамон давра ба андозаи 50х25х10 сохта шудаанд.
“Замони таърихии ёдгорӣ ба асрҳои VI-VIII мансуб буда, он дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиён сӯзонида хароб гаштааст. Далели ин гуфтаҳо боқӣ мондани осори хокистар ва лахчаҳо дар деворҳои долони ёдгорӣ мебошад.
Инчунин, аз ҳудуди ёдгории мазкур бозёфтҳои фулузии гуногун, ба мисли сиккаҳои мисӣ, нуқрагӣ, ангуштарҳо ва ҷузъҳои ороишии либос пайдо гардиданд, ки далел аз қадимӣ будани ин мавзеъ мебошанд”, - зикр мешавад дар хабар.




Суратҳо аз саҳифаи Осорхонаи миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ1/2
Гуфта мешавад, мавҷуд будани ин гуна кӯшкҳо дар Панҷакент ва Маймурғ дар сарчашмаҳои таърихӣ низ зикр ёфтаанд.
Дар назар аст, ки кӯкши кашфшуда ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шомил шавад. “Дар оянда ҳадаф ҳаст, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Эрмитажи давлатии Руссия моҳҳои июл-августи соли равон дар ин ёдгорӣ ковишҳои ҳафриётӣ гузаронида шавад”, - илова мешавад дар хабари Осорхона.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.