расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ

Асосӣ / Сиёсат

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ

Дирӯз, 3-юми май, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон, сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин дафтари матбуоти ВКХ иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, зимни вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ номаи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба унвони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супоридааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки солҳои охир ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври назаррас сармоягузорӣ мекунад. Аз ҷумла, чанде пеш Фонди Саудии рушд эълон кард, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн доллар қарз медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.