расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПУТИН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НИРӮҲОИ МУАЙЯН БА ТАВРИ СУНЪӢ МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ДОҒ КАРДА, РАВОБИТИ ДУ КИШВАРРО ХАЛАЛДОР КАРДАНИАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ПУТИН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НИРӮҲОИ МУАЙЯН БА ТАВРИ СУНЪӢ МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ДОҒ КАРДА, РАВОБИТИ ДУ КИШВАРРО ХАЛАЛДОР КАРДАНИАНД

ПУТИН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НИРӮҲОИ МУАЙЯН БА ТАВРИ СУНЪӢ МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ДОҒ КАРДА, РАВОБИТИ ДУ КИШВАРРО ХАЛАЛДОР КАРДАНИАНД
Баҳси масоили марбут ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар ин авохир дар Русия ба мавҷи бесобиқаи таъқибу таҳдид рӯбарӯ шудаанд, билохира то ба сатҳи олӣ расид ва рӯзи 3 май дар гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин нахустин суҳбати телефонии раҳбарони ду кишвар дар пайи мавҷи нави тоҷикситезиест, ки дар Русия чанд вақт боз авҷ гирифтааст. 
Кремл гуфт, дар суҳбати телефониашон Путин ва Раҳмон “дар фазои корӣ ва созанда доир ба баъзе аз мавзӯъҳои ҷории дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорҳо дар роҳи мубориза бар зидди хатарҳои амалҳои террористӣ ва соҳаи муҳоҷират гуфтугӯ карданд”.
Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон низ хабар дод, ки "масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид". 
Дар бораи ин ки Путин ва Раҳмон дар ин масъалаи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими муҳоҷират ба чӣ қарор расиданд?, тафсилоти чандоне дода нашудааст. Танҳо дар гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар бора хеле кӯтоҳ чунин навиштаанд: “Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд.” 
Ҳамчунин вазъи пешомадаро Путин кӯшиши рахна эҷод кардан дар байни Русияву Тоҷикистон номида гуфтааст: “Талошҳои ахири нерӯҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддат додани вазъ дар атрофи муҳоҷирони корие, ки ба Русия аз хориҷ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ворид мешаванд, якҷоя пешгирӣ карда мешавад ва онҳо наметавонанд муносибатҳои бародаронаи бо гузашти аём санҷидашудаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.