расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУЗДИИ 6 САР АСП ВА САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ХОНА ДАР ПОЙТАХТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДУЗДИИ 6 САР АСП ВА САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ХОНА ДАР ПОЙТАХТ

ДУЗДИИ 6 САР АСП ВА САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ХОНА ДАР ПОЙТАХТ 
Субҳи 29-уми апрели соли 2024, тахминан соати 09:30 ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман», Ҳамидов Саидхон Алихонович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара мошинашро чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Куганшоев Фирӯз Иқболшоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳат бардоштааст.
ххххххххххххххххх
Шаби 5 ба 6-уми апрели соли 2024, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара 6 сар аспро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷониби кормандони милитсия мардони 42 ва 29-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
ххххххххххххххххх
Моҳи октябри соли 2023 марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии зани 56-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ даромада, аз ӯ 19 ҳазор доллар  гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навбунёд дар масоҳати 46,50-метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.