расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 3 АКС: НИШОНАГУЗОРИИ МАКОНҲОИ ЗИСТИ ТОҶИКОН БО НАВИШТАИ “ТОҶИК - ТЕРРОР“ ДАР ШАҲРИ ОРЁЛИ РУСИЯ

Асосӣ / Муҳоҷир

3 АКС: НИШОНАГУЗОРИИ МАКОНҲОИ ЗИСТИ ТОҶИКОН БО НАВИШТАИ “ТОҶИК - ТЕРРОР“ ДАР ШАҲРИ ОРЁЛИ РУСИЯ

3 АКС: НИШОНАГУЗОРИИ МАКОНҲОИ ЗИСТИ ТОҶИКОН БО НАВИШТАИ “ТОҶИК - ТЕРРОР“ ДАР ШАҲРИ ОРЁЛИ РУСИЯ
Дар шаҳри Орёли Русия дар пайи ҳамлаи террористии моҳи март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл“ дар чанд биное, ки дар онҳо эҳтимолан зодагони Тоҷикистон кор ё зиндагӣ мекунанд, нишонагузориҳои миллатгароёна бо навиштаи таҳдидомези “Тоҷик - террор“ пайдо шудаанд. Дар ин бора ба пойгоҳи хабарии маҳаллии “Орёл Таймс” сокини Орёл Ростислав Фомичёв хабар додааст. Ӯ чанд бинои нишонагузоришударо дар кӯчаҳои Силикатная ва Кукушкинро акс ҳам гирифтааст. Дар аксҳо дида мешавад, ки афроди ношинос дар девори ин биноҳо таҳдидомез “Тоҷик - террор“ навиштаанд.
Ростислав Фомичёв дар шарҳи ин амал гуфтааст: “Кадом одамони нобакоре хонаҳоро нишона гузоштаанд! Забонам намегардад барои шарҳи ин амал... Мефаҳмам, ки баъди ҳамлаи “Крокус“ мардум нисбат ба муҳоҷирон як эҳсоси маълуме доранд, вале бар асоси рафтори чанд малъун қазоват кардани тамоми як миллат камоли беинсофист“.
“Орёл Таймс” ёдовар шудааст, ки як моҳ пеш, 27 марти соли 2024, дар ҷараёни гуфтугӯи мустақим бо волии вилояти Орёл Андрей Кличков як сокини маҳаллӣ масъалаи аз вилоят ихроҷ кардани тамоми тоҷикҳоро дар байн гузошта буд, вале Кличков гуфт, касе ин корро нахоҳад кард ва даст ба ихроҷи тамоми тоҷикҳо нахоҳад зад. Волии Орёл гуфт, ӯ аслан тарафдори ҷазои дастаҷамъонаи як халқ барои рафтори чанд нафар нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.