расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОКИНИ ДЕВАШТИЧ САРИ ҚАҲР ҲАМСАРУ ХУШДОМАНИ СОБИҚАШРО БО ТАБАР ЗАДА КУШТААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

СОКИНИ ДЕВАШТИЧ САРИ ҚАҲР ҲАМСАРУ ХУШДОМАНИ СОБИҚАШРО БО ТАБАР ЗАДА КУШТААСТ

СОКИНИ ДЕВАШТИЧ САРИ ҚАҲР ҲАМСАРУ ХУШДОМАНИ СОБИҚАШРО БО ТАБАР ЗАДА КУШТААСТ 
Ҳасанов Мақсудҷон Баҳромович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Нурободи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич субҳи 26 март барои анҷоми корҳои саҳроӣ ба сари заминаш раҳсипор буд. Дар қади кӯчаи деҳаи Нуробод ҳамсари собиқаш Бобоева Мастона Анварҷоновна, соли таваллудаш 1995, ва модари ӯ Бобоева Шоира Аллаевна, соли таваллудаш 1971-ро вохӯрдааст. Азбаски Мақсудҷон Ҳасанов баъди ҷудо шудан аз Мастона Бобоева аз нав издивоҷ карда буд, ҳамсару хушдомани собиқаш дар роҳ ӯро зери борони таънаву бадгӯӣ қарор медиҳанд. Мақсудҷон Ҳасанов аз ин ба хашм омада, бо табаре, ки барои анҷоми корҳои саҳроӣ бо худ гирифта буд, занҳоро таъқиб мекунад. 
Модару духтар барои наҷоти ҷони худ ба саҳни ҳавлии як ҳамдеҳаашон даромада, мехоҳанд пинҳон шаванд, вале Мақсудҷон Ҳасанов ҳам аз паси онҳо вориди он ҳавлӣ шуда, ҳардуро бо табар ба қисмати сарӯ рӯяшон зада, аз пой меафтонад.
Мастона Бобоева дар ҷои ҳодиса ва Шоира Бобоева баъдан дар бемористон ба ҳалокат расидаанд. Мақсудҷон Ҳасанов сипас ба милитсия рафта, худро супурдааст.
Ба Мақсудҷон Ҳасанов барои куштори ду нафар бо бераҳмии махсус ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.