расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БО ИНҲО БОЯД ИФТИХОР КАРД! ЯК ТОҶИК ДАР АМРИКО РИСОЛАИ ДОКТОРИАШРО ҲИМОЯ КАРД

Асосӣ / Муҳоҷир

БО ИНҲО БОЯД ИФТИХОР КАРД! ЯК ТОҶИК ДАР АМРИКО РИСОЛАИ ДОКТОРИАШРО ҲИМОЯ КАРД

БО ИНҲО БОЯД ИФТИХОР КАРД! ЯК ТОҶИК ДАР АМРИКО РИСОЛАИ ДОКТОРИАШРО ҲИМОЯ КАРД
Фирдавс Раҳмонов, олими ҷавони 31-солаи тоҷик рӯзи 18 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи Рочестери аёлати Ню-Йорки Амрико рисолаи докториашро дар илми математика (риёзӣ) дар  мавзӯи “Similar point configurations in vector spaces over finite fields and quotients of distance sets” (“Пайкарбандиҳои нуқтаҳои мушобеҳ дар фазоҳои векторӣ бар майдонҳои маҳдуд ва коэффитсиентҳои маҷмӯи масофаҳо”) дифоъ кардааст.
Раҳмонов Фирдавс Заруллоевич 19 августи соли 1992 дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд дар оилаи доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонов Зарулло Ҳусенович таваллуд шудааст. Ӯ соли 2009 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика сазовори ҷойи якум ва медали тилло гашта, баъди хатми мактаби миёна  ба риштаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дохил шуд ва ин донишгоҳи муътабарро бо дипломи аъло хатм кард. 
Соли 2018 Раҳмонов Фирдавс дар Донишгоҳи Рочестери аёлати Ню-Йорк таҳти роҳбарии профессорон Алекс Иосевич ва Кова Ҳусейнӣ ба таҳияи рисолаи докторӣ шуруъ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.