расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШАҲРДОРИ СОБИҚИ ДУШАНБЕ ЮРИЙ ПОНОСОВ ДАР МАСКАВ ВАФОТ КАРД

Асосӣ / Ҳаводис

ШАҲРДОРИ СОБИҚИ ДУШАНБЕ ЮРИЙ ПОНОСОВ ДАР МАСКАВ ВАФОТ КАРД

ШАҲРДОРИ СОБИҚИ ДУШАНБЕ ЮРИЙ ПОНОСОВ ДАР МАСКАВ ВАФОТ КАРД
Cобиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва шаҳрдори собиқи пойтахти ин кишвар, шаҳри Душанбе Юрий Поносов рӯзи 20 апрели соли 2024 дар шаҳри Маскав дар синни 83 бар асари бемории қалб дар роҳ ба бемористон дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз олам чашм пӯшидааст. Дар ин бора рӯз 25 апрел бо такя ба манбааш хабаргузории русии “Регнум” хабар дод.
Бино ба ин манбаъ, рӯзи 20 апрел аҳволи саломатии Поносов бад шудааст. Наздиконаш барои ӯ “Ёрии таъҷилӣ” даъват кардаанд, вале ӯро то бемористон бурда натавонистанд. Юрий Поносов дар роҳ дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар рӯи дасти табибон ҷон додааст.
“Поносов, ки 83 сол дошт, дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ ҷон дод. Сабаби муқаддамотии марги ӯ аз кор мондани қалб ва рангҳои хунгардаш будааст”, — хабар додааст манбаи “Регнум”.
Юрий Филимонович Поносов 24 марти соли 1941 дар деҳаиУрулга ноҳияиКарими вилояти Читаи Русия ба дунё омада, соли 1961, баъди хатми техникуми сохтмони Чита барои кор ба Тоҷикистон рафт ва то соли 1998, қариб 27 сол дар онҷо монд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.