расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ТОҶИКОБОД ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА БА ДАРЁИ ШӮРАК АФТОДА, ҒАРҚ ШУДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ТОҶИКОБОД ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА БА ДАРЁИ ШӮРАК АФТОДА, ҒАРҚ ШУДААСТ

ДАР ТОҶИКОБОД ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА БА ДАРЁИ ШӮРАК АФТОДА, ҒАРҚ ШУДААСТ
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 апрели соли 2024, тахминан соати даҳи субҳ, як кӯдаки  6-сола аз деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дар дарёчаи Шӯрак ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ин кӯдак субҳи 25 апрел ҳамроҳи дӯстонаҳ бо мақсади чаронидани чорво аз хона баромадааст. Вале ҳангоми гузаштан аз дарёчаи Шӯрак пойи ин кӯдак лағжидааст ва ӯ ба даруни дарё афтода, ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки маъсум қариб тамоми рӯз тӯл кашид ва танҳо соати 18:20 ҷасади ӯро тақрибан 150-200 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо кардаанд.
Дар рӯзҳои охир ин алакай сеюмин ҳолати расонаишудаи ҳалокати ноболиғон бар асари ҳодисаҳои нохуши марбут ба обу ҳавост. 
23 апрели соли 2024, як сокини 17-солаи деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳи кӯҳӣ бар асари раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Ҳамин тавр, 21 апрели соли 2024, як сокини 12-солаи деҳаи Ҳоити ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт, ки барои ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳ  рафта  буд, аз сабаби он ки баъди боронҳои пуршиддат замин дар кӯҳҳо лағжонак шуда буд, аз баландии 40 метр лағжида, ба поён афтодааст. Дар натиҷа кӯдак ҷароҳатҳои зиёд бардошт ва дар бемористон ҷон дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.