расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ

Асосӣ / Сиёсат

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ

Дар Тоҷикистон бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Чалишов Р.С. аз 29-уми декабри соли 2022 то лаҳзаи боздошт дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” фаъолият намуда, дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон А.О.С. ва Р.Б.И. ба ҳайси адвокат иштирок варзидаааст.
Шаҳрвандони гумонбаршуда бо моддаҳои 130 (одамрабоӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам шуда, парвандаи онҳо дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ мегардад.
Агентии зиддифасод менависад, адвокат “аз ҳолати оҷизии наздикони судшавандагон моҳирона истифода бурда, аз онҳо бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ барои мусоидат кардан ҷиҳати аз тарафи суд нисбати зерҳимоягонаш кам таъин кардани муҳлати ҷазо маблағи 200 000 сомонӣ талаб намуд”.
“Хешовандони судшавандагон А.О.С. ва Р.Б.И. аз ноилоҷӣ ба талаби ғайриқонунии Чалишов Р.С. розӣ шуда, ба номбурда моҳи июли соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Душанбе маблағи 200 000 сомониро дастрас намуданд”, - омадааст дар хабар.
Афзуда мешавад, ки дар натиҷа Чалишов Р.С. баъди гирифтани ин миқдор маблағ ба манфиати зерҳимоягонаш ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард.
Назари худи вакили дифоъ ё пайвандону намояндагонаш маълум нест.
Ҳоло нисбати Чалишов Р.С. бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парванда боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Тибқи ин модда адвокатро ба андозаи аз 1 ҳазору 460 то 2 ҳазору 190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима (1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё аз 8 то 12 сол зиндон интизор аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.