расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муноқишаи гурӯҳӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ

Асосӣ / Ҷомеа

Муноқишаи гурӯҳӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ

Муноқишаи гурӯҳӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ
Санаи 22-юми апрели соли ҷорӣ, дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграмм" наворе нашр гардид, ки гуфта мешуд як гурӯҳ наврасон-хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ байни ҳамдигар муноқиша доранд. 
Бо мақсади муайян намудани ҳодисаи мазкур, кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани вайронкунандагони тартибот як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд. 
Дар натиҷа муайян гардид, ки муноқишаи мазкур дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино аз ҷониби хонандагони литсейи хусусии «Эҳсон» содир гардидааст. 
Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки хонандагони синфҳои 9-А ва 9-В литсейи хусусии «Эҳсон» чандест байни ҳамдигар нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ доштаанд. Ахиран бо мақсади ҳал намудани нофаҳмиҳои ҷойдошта дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино ҷамъ омада, байни ҳамдигар ҷанги «тан ба тан» ташкил карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 12-нафар наврасон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон бо хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.