расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Душанбе «Нуқтаи сайёри милитсия» ба кор оғоз кард

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Дар Душанбе «Нуқтаи сайёри милитсия» ба кор оғоз кард

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 апрел нуқтаи қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 20-уми апрел тавассути нақлиёти махсусгардонидашудаи «Нуқтаи сайёри милитсия» дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино, дар назди бозори «Фаровон», ки шумораи зиёди шаҳрвандон ҳузур доранд, қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон гузаронида шуд.
Сурат: РВКД Душанбе
Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти милитсия зимни мулоқот бо шаҳрвандон пешниҳод ва дархосту шикоятҳои беш аз 40-нафарро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.
Шаҳрвандон низ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудни фаъолияти милитсия пешниҳодҳои муфид намуданд.
“Аз шаҳрвандон низ даъват карда шуд, ки бо мақсади ошкору пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб, қонуншиканӣ ва таъмини тартиботу волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намуда, дар пешрафту тараққиёт ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми арзишманди худро гузоранд”, - зикр мешавад дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, нуқтаҳои сайёр фаъолиятро дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар амал ҷорӣ намудани Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия оғоз намуданд.




Суратҳо аз Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе1/3
“Дар доираи ин иқдом бевосита кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба назди шаҳрвандон рафта, дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳо ҳуқуқӣ медиҳанд”, - омадааст дар хабар.
Дар бораи доимӣ ё дар кадом давраҳо кор кардани чунин нуқтаҳо дар хабари Раёсат маълумот дода намешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.