расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР БОХТАР 2 АВБОШ МУАЛЛИМРО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ШОГИРДОНАШ ТАҲҚИРУ ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР БОХТАР 2 АВБОШ МУАЛЛИМРО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ШОГИРДОНАШ ТАҲҚИРУ ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

ДАР БОХТАР 2 АВБОШ МУАЛЛИМРО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ШОГИРДОНАШ ТАҲҚИРУ ЛАТТУКӮБ КАРДААНД 
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 21 апрели соли 2024 аз боздошти ду ҷавони авбош, ки муаллими мактаби миёнаи №7-ро дар байни дарс аз синфхона берун бароварда, дар пеши чашми шогирдонаш таҳқиру латтукӯб кардаанд ва ба ҷараёни дарс халал расондаанд, хабар дод.
Худи ин ду ҷавони дастгиршуда ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино фарзияи милитсия: “Дастгиршудагон Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Бохтар ҳозир гардида, омӯзгори муассисаи мазкур Зиёзода С. Р-ро, ки ба хонандагон дарс мегуфт, ба долони мактаб даъват намуда, нисбаташ дашному ҳақоратҳои қабеҳ кардаанд ва ӯро мавриди латту кӯб қарор дода, ба саломатиаш ҷарҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расониданд. Ҳарчанд атрофиён аз онҳо дархост кардаанд, ки амалҳои ғайриқонуниашонро қатъ кунанд, ба суханони касе эътибор надода, муддати тӯлонӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон кардаанд”.
Аксари корбарон рафтори ин ду ҷавони авбошро маҳкум карда, хостори ҷазои сангин барои онҳо шудаанд. Бархе корбарон пешниҳод кардаанд, ки ҳардуро “рост ба қисми ҳарбӣ баранд”, то ки тайи ду соли хидмат ақлашон ба сарашон бидарояд ва эҳтироми муаллимро ёд бигиранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.