расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тафсилоти додугирифти Душанбею Тошканд - тасвирбаён

Асосӣ / Ҷомеа

Тафсилоти додугирифти Душанбею Тошканд - тасвирбаён

Гардиши мол миёни Тоҷикстону Ӯзбекистон тайи 7 сол тақрибан 40 баробар зиёд шудаст, аммо ин ҳадди ниҳоии зарфиятҳо несту имкониятҳои истифоданашуда дар ин бахш ҳанӯз зиёданд.
Ба ин нукта раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар пайи музокирот бо ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев ишорат кард.
Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки ҳоло дар қаламрави ду кишвар қариб 400 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият менамоянд. Маврид ба зикр аст, ки бештар аз 300 корхона дар Ӯзбекистон бо сармояи тоҷикӣ фаъолият доранд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди нишондиҳандаҳои ҳамкорӣ гуфт, ин ҳадди ниҳоӣ набуда, ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла истеҳсоли автомашина ва қисмҳои он, доруворӣ ва коркарди маҳсулоти аграриро ояндадор хонд.
"Мо, ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мушаххасро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ ва ихтироот, тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои муосири саноатӣ баррасӣ кардем", - гуфт Раҳмон.
Дар назди ҳукуматҳо вазифа гузошта шудааст, ки савдои тарафайнро то ба 2 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонанд. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин мехоҳанд, як минтақаи озоди тиҷоратии "Ойбек-Фотеҳобод" ва маркази тиҷорию логистикии "Андархон" таъсис диҳанд.
Дар таркиби савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҷониби Душанбе бештар воридот рост меояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.