расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ДУ АМАКБАЧА, КИ ДАР ХУРОСОН МАФИЯИ ЗАМИНФУРӮШӢ ТАШКИЛ КАРДА БУДАНД

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДУ АМАКБАЧА, КИ ДАР ХУРОСОН МАФИЯИ ЗАМИНФУРӮШӢ ТАШКИЛ КАРДА БУДАНД

БОЗДОШТИ ДУ АМАКБАЧА, КИ ДАР ХУРОСОН МАФИЯИ ЗАМИНФУРӮШӢ ТАШКИЛ КАРДА БУДАНД 
Pаиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросон Бобокалонов Муҳаммадзиё, соли таваллудаш 1975, ва раиси ҷамоати Ҳилолӣ Бобокалонов Муҳимбек, соли таваллудаш 1968, хешу табори наздик – амакбачаҳо - буда, аввалӣ баъди ба мансаби баландтар рафтанаш, мансаби қаблиашро бегона нашавад гуфта, ба хешбачаи худ додааст.
Бобокалонов Муҳимбек, ки аз соли 1991 дар ноҳияи Хуросон дар мансабҳои гуногун кор карда, ҳоло раиси ҷамоати Ҳилолӣ будааст, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо писарамакаш Бобокалонов Муҳаммадзиё, ки солҳои зиёд ба ҳайси муҳандиси заминсоз, муовини раис ва раиси ҷамоати Ҳилолӣ кор карда, ахиран курсии раиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросонро ба даст овард, забон як карда, бо миёнаравии рафиқашон Ҷалматов Қудрат аз шаҳрвандон дар ивази ҷудо кардани қитъаҳои замин пул гирифтаанд. Аз ҷумла онҳо аз Ҳаитов Абдулвоҳид, сокини ҷамоати Ҳилолӣ 8 ҳазор сомонӣ, аз Абдурасулов Боймурод, сокини ноҳияи Вахш 14 ҳазор сомонӣ, аз Исмоилова Насиба 20 ҳазор сомонӣ ва аз Кӯкиева Сифатой 2 ҳазор доллар гирифта, аз заминҳои ҷамоати Ҳилолӣ ба ҳар кадом онҳо аз 8 то 10 даҳяк (сотих) замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд.
Бо мақсади ба даст овардани боварии шаҳрвандон ва қонунӣ нишон додани аъмоли худ онҳо дар компютер санадҳои қалбакии сертификати заминро чоп карда, ба ин корафтодагон додаанд ва сокинон ба сухани онҳо бовар карда, дар он заминҳо алакай хона сохтаанд. Вале ҳоло маълум шуд, ки ин заминҳо ба ин сокинон ғайриқонунӣ ҷудо карда дода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.