расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАҚДИМИ УНВОНИ ҲОФИЗИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН БА ЮЛДУЗ УСМОНОВА, ОЗОДБЕК НАЗАРБЕК ВА МУНОҶОТХОН ЮЛЧИЕВА

Асосӣ / Ҷомеа

ТАҚДИМИ УНВОНИ ҲОФИЗИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН БА ЮЛДУЗ УСМОНОВА, ОЗОДБЕК НАЗАРБЕК ВА МУНОҶОТХОН ЮЛЧИЕВА

ТАҚДИМИ УНВОНИ ҲОФИЗИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН БА ЮЛДУЗ УСМОНОВА, ОЗОДБЕК НАЗАРБЕК ВА МУНОҶОТХОН ЮЛЧИЕВА
18 апрели соли 2024 дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони аз ду кишвар баргузор гардид.
Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” чор ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон,  аз ҷумла, Озодбек Назарбеков, Муноҷотхон Юлчиева, Оғобой Собиров ва Юлдуз Усмонова бо унвонҳои фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ёдгор Саъдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамин тавр, бо фармони президенти Ӯзбекистон “барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии накӯ, ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти самарабахш ҷиҳати ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар” ҳунармандони тоҷик Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвонҳои фахрии Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шуданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрели соли 2024 бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Aлакай дар рӯзи аввали сафар байни Душанбе ва Тошканд 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.