расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАНИ МОДАРИ 3 ФАРЗАНД ШАВҲАРАШРО БА ҚАТЛ РАСОНДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАНИ МОДАРИ 3 ФАРЗАНД ШАВҲАРАШРО БА ҚАТЛ РАСОНДААСТ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАНИ МОДАРИ 3 ФАРЗАНД ШАВҲАРАШРО БА ҚАТЛ РАСОНДААСТ 
ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як мавриди қатли хешовандони наздик хабар дод. Аммо агар қаблан бештар дар бораи қатли ҳамсарон аз ҷониби шавҳарон хабарҳо ба даст мерасид, ин дафъа дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як ҷавонзани модари 3 фарзанд шавҳарашро куштааст.
Шаҳрванд Ҳамидова Ситора Абдуҷалиловна, санаи таваллудаш 16 ноябри соли 1990, бо 3 фарзанд ва шавҳараш Ғуломов Манучеҳр Раҳимович, санаи таваллудаш 5 апрели соли 1986, дар як ҳавлӣ дар кӯчаи Мунзими ноҳияи Фирдавсӣ иҷора менишастанд. Шаби 23 марти соли 2024 низ Манучеҳр Ғуломов дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо ҳамсараш боз ҷанҷол кардааст. Ситора Ҳамидова, ки аз ҷанҷолҳои пайвастаи шавҳараш ба ҷон омада буд, ин дафъа дигар тоқат накарда, бо корд ба бадани шавҳараш зарба задааст. 
Худи Ситора Ҳамидова дар гузориш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Кордро аз рӯи миз гирифтаму ба қисмати байни қафаси сина ва гарданаш задам. Дар ҷояш нишаст ва гуфт, ки сарам фур (гирд) гашта истодааст. Баъд ман ба паҳлу хобондамашу ба рӯяш об задам. Сипас ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задам. Табибон омаданду диданд ва гуфтанд, ки мурдааст алакай...”
 Маълум нест, ки чӣ боиси ҷанҷоли маргбор байни зану шавҳар шудааст ва кадом сухан ё рафтори шавҳар занро водор кардааст, ки ба даст корд бигирад ва ба қафаси синаи шавҳараш бизанад? Ва он ҳам дар моҳи шарифи Рамазон.
Ба ин ҷавонзан барои одамкушӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.