расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд

Асосӣ / Муҳоҷир

Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намуд, ки ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад бар асоси як патент дар якчанд минтақаҳои Русия кор кунанд. Тағйироти мазкур бо супориши раиси ҳукумат Михаил Мишустин ва муовини сарвазир Татяна Голикова омода шудаанд.
Тавре ки “Ведомости” бо истинод ба матни лоиҳаи қонун хабар медиҳад, пас аз нашри расмӣ тағйирот пас аз як моҳ мавриди амал қарор мегиранд. Матни лоиҳаи қонун дар портали санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки чунин патент ҳамзамон дар якчанд минтақаҳое, ки мақомоти онҳо байни худ созишномаи махсус ба имзо расонидаанд, амал хоҳад кард.
Айни замон патенти корӣ танҳо барои дар як минтақа кор кардан дода мешавад ва вақте ки муҳоҷир ба минтақаи дигар меравад, бояд дуббора дар мақомоти муҳоҷират чунин ҳуҷҷат гирад.
Аз зарурати гирифтани патент ва иҷозатномаи кор шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) - Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин дорандагони ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) озоданд.
Коршиноси «Народный фронт. Аналитика» Павел Склянчук дар ин робита гуфтааст, “агар шаҳрвандии хориҷии дорои як патент байни минтақаҳо барои кор равуо карда тавонад, ин имкон медиҳад, ки талабот ба қувваи кории арзон тезтар қонеъ гардонида шавад”.
Мувофиқи маълумоти омории Хадамоти федералии амният, дар соли 2023 чунин миқдор шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади кор ба Русия омадаанд: аз Ӯзбекистон қариб 2 млн нафар, Тоҷикистон - 1,2 млн нафар ва Қирғизистон 718 ҳазору 414 нафар.
Бино ба маълумоти ВКД Русия, дар соли 2023 шумори патентҳои кории додашуда (барои нафароне, ки бо тартиби бидуни раводид омадаанд) дар муқоиса бо соли пешин 3,6% афзуда, 2,3 млн ададро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти гуногун, дар Русия метавонанд аз 1,5 млн то 3 млн нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор дошта бошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.