расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » КАПИТАНИ МИЛИТСИЯ БА ГИРИФТАНИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Иқтисодиёт

КАПИТАНИ МИЛИТСИЯ БА ГИРИФТАНИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

КАПИТАНИ МИЛИТСИЯ БА ГИРИФТАНИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД
Шаҳрванд С.Т. унвонии Агентии назомубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат карда,  хостааст то нисбат ба таҳқиқотчии гурӯҳи таҳқиқотии шуъбаи милитсияи ноҳияи Варзоб капитани милитсия Раҳимзода Ф.С. чораҳои қонунӣ андешида шавад.  Бино ба иддаои шаҳрванд С.Т., капитан Раҳимзода аз ӯ барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба як ҳолати садамаи нақлиётӣ ғайриқонунӣ ба сифати пора маблағи 20 000 сомониро талаб карда истодааст.
Санаи 12 феврали соли 2024 Раҳимзода Ф.С. баъди дар утоқи кории худ аз С.Т. гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ дастгир гардид. “Маблағи зикршуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, - хабар додааст маркази матбуоти Агентӣ.
Худи капитан Раҳимзода ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба ӯ бар асоси моддаи 319 ҳамчун ҷазо ҷаримаи хеле ҳангуфт ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз 262 ҳазору 800 сомонӣ то 657 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.