расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АНА ИШҚ! ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР КРАСНОДАР БАРОИ ДУХТАРИ ДӮСТДОШТААШ РАГҲОИ ДАСТАШРО БУРИД

Асосӣ / Ҷомеа

АНА ИШҚ! ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР КРАСНОДАР БАРОИ ДУХТАРИ ДӮСТДОШТААШ РАГҲОИ ДАСТАШРО БУРИД

АНА ИШҚ! ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР КРАСНОДАР БАРОИ ДУХТАРИ ДӮСТДОШТААШ РАГҲОИ ДАСТАШРО БУРИД 
 Рӯзи 10 апрели соли 2024, дар рӯзи иди саиди Фитр, дар шаҳри Краснодар дар ҷануби Русия як марди 39-солаи зодаи Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ дар кӯча, дар байни мардум рагҳои дастонашро бурида, қасди ҷои худ кардааст. Дар милитсияи Краснодар бо тасдиқи ин ҳодиса гуфтаанд, бар асоси маълумоти бадастомада, ин муҳоҷири тоҷик аз духтари дӯстдоштааш ҷавоби рад гирифта, даст ба чунин кор задааст.
Сухангӯи раёсати корҳои дохилии шаҳри Краснодар Артём Коноваленко хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1985, дар истгоҳи автобус дар кӯчаи Мачуги дар маҳаллаи Гидростроители бо як олати тез дастонашро буридааст ва дар натиҷа хунаш рафтааст.  “Ба ин мард кумак расонда шуд, ӯ зинда аст”, - афзуд Коноваленко.
Дар пулиси Краснодар ҳамчунин гуфтаанд, ки “марди хориҷӣ зоҳиран маст буд. Ба гуфтаи худаш, сабаби чунин иқдом рад шудани пешниҳоди ишқаш ба як духтар шудааст”.
 Исми марди тоҷик нашр нашудааст. Дар бораи духтаре, ки ин марди тоҷик ба хотири ишқи ӯ тайёр буд, аз баҳри ҷонаш гузарад, ягон маълумот то ҳол ба даст наомадааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.