расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » "ҲАШТИ СУБҲ": МАРЗБОНОНИ ТОҶИКИСТОН 7 ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОНРО КУШТАНД

Асосӣ / Ҷомеа

"ҲАШТИ СУБҲ": МАРЗБОНОНИ ТОҶИКИСТОН 7 ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОНРО КУШТАНД

"ҲАШТИ СУБҲ": МАРЗБОНОНИ ТОҶИКИСТОН  7 ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОНРО КУШТАНД
Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Тахор хабар додаанд, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистон ҳангоми кӯшиши вуруд ба хоки Тоҷикистон аз сӯи низомиёни тоҷик кушта шудаанд.
Бино ба гузориши нашрияи “Ҳашти субҳ”, ҳодиса шаби 9-уми апрел дар марзи Тоҷикистон Афғонистон, воқеъ дар ноҳияи Чоҳоб рух додааст.
Мақомоти Тоҷикистон ва гуруҳи Толибон то ҳол дар бораи ин ҳодиса расман хабар надодаанд. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ” аз қавли манобеи маҳаллияш дар Тахор навиштааст, ҳодиса замоне рух дод, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистон талош карданд аз тариқи деҳаи Навободи вилояти Тахор вориди хоки Тоҷикистон шаванд.
“Манобеъ дар мақомоти Тахор гуфтанд, ки ин ашхос қочоқбарони маводи мухаддир буданд. Онҳо сокинони вилояти Тахор ва Бадахшон мебошанд. Ҷасади ду нафарашонро дар ноҳияи Чоҳоби вилояти Тахор ба хок супориданд. Шахсияти кушташудаҳо то ҳол маълум карда нашудааст,”- навиштааст рӯзномаи “Ҳашти субҳ”. 
Аз ин қабл, рӯзи 24 марти соли 2024 General Plus (“Ҷенерал Плас”), як Ютуб-канали хабарӣ, ки асосан масоили Афғонистонро пайгирӣ мекунад, бо такя ба манобеи маҳаллӣ дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор хабар дод, ки нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бахшҳое аз ҷангалзорҳои воқеъ дар марзи ноҳияҳо, ё вулусволиҳои Дашти Қалъа ва Дарқадро оташ задаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.