расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФСБ ЗОДАГОНИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО БА ҚАСДИ ҲАМЛАҲО БА СИНАГОГАИ МАСКАВ ВА ПОЙГОҲИ ҲАРБӢ ДАР ДОНЕТСК АЙБДОР КАРД

Асосӣ / Муҳоҷир

ФСБ ЗОДАГОНИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО БА ҚАСДИ ҲАМЛАҲО БА СИНАГОГАИ МАСКАВ ВА ПОЙГОҲИ ҲАРБӢ ДАР ДОНЕТСК АЙБДОР КАРД

ФСБ ЗОДАГОНИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО БА ҚАСДИ ҲАМЛАҲО БА СИНАГОГАИ МАСКАВ ВА ПОЙГОҲИ ҲАРБӢ ДАР ДОНЕТСК АЙБДОР КАРД
ФСБ (Хадамоти федералии амнияти Русия) рӯзи 11 апрели соли 2024 бо нашри ду баёнияи алоҳада аз пешгирӣ кардаи ҳамлаҳои террористӣ ба синагога дар шаҳри Маскав ва як пойгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри ишғолшудаи Донетск дар шарқи Украиа хабар дод.
Бино ба иттилои ФСБ, “зодаи яке аз кишварҳои Оси Миёна, соли таваллудаш 2002”, ки қасди ҳамла ба маъбади яҳудинро дар сар дошт, рӯзи 10 апрели соли 2024 “ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва бо оташи ҷавобӣ безарар гардонда шуд”.
“Шуъбаи террористӣ” дар Донетск бошад, ба иддаои ФСБ, “аз 6 шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат буда, фаъолияташ аз қаламрави Украина ҳамоҳанг сохта мешуд” ва гӯё баъди анҷоми ҳамла аъзои ин гуруҳ “қасд доштанд, ки ба Туркия фирор карда, сипас аз онҷо ба Украина бираванд”.
Тафтиши ин иддаоҳои ФСБ тавассути манобеи дигари мустақил имкон надорад, вале қаблан ҳомиёни ҳуқуқ ин ниҳодро ба он айбдор мекарданд, ки ба хотири намоиши бардурӯғи натиҷаҳои баланд дар арсаи мубориза бо терроризм ба зидди муҳоҷирони беҳуқуқу беҳимоят, бахусус ба зидди зодагони Осиёи Марказӣ парвандаҳои бардурӯғ мебофад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.